,
Якшанбе, 22-декабр
Ҳамасола халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани ҳуҷҷати сарнавиштсози худ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд. Дар ин росто имрӯз (02.11.2024) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Исозода Парвиз, мудирони кафедраҳои тобеи факултет, директори парки технологии донишгоҳ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Иззатов Умедҷон, намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултет Исозода Парвиз оғоз гардида, зимнан устод дар мавзуи “Нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол” баромад намуда, иброз доштанд, ки Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи Тоҷикистонро ифода менамояд.
Сипас, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Иззатов Умедҷон дар мавзуи “30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: аҳамият ва дурнамои он дар соли маърифати ҳуқуқӣ”, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Ноҳира Ҳақназарзода дар мавзуи “Конститутсия - паёме аз Куруши бостон”, донишҷӯёни курси чоруми факултет Умарова Дилноза дар мавзуи “Конститутсия - пояи давлатдории миллӣ” ва Фарзонаи Сафаралӣ дар мавзуи “Конститутсия - қонуни олӣ ва пешрафти ҷомеа” маърӯза намуданд.
Дар охир ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба анҷом расид.