, Чоршанбе, 11-декабр

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

 01.11.2024 97

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Бо чунин ном санаи 1-уми ноябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон” бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Назаров Бахтиёр, мудирони кафедраҳо ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҳамоишро  декани факултет, номзади илмҳои филологӣ дотсент Зулфиев Гадомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр доштанд, ки Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд. Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳим ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ма маърифатнокии онҳо доир ба донишҳои ҳуқуқӣ дар назар дошта мешавад. Зеро маърифати ҳуқуқӣ худ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Дар идома Алишери Абдулмаҷид мудири кафедраи журналистика доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ибрози андеша намуд.

Сипас, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ- Назаров Бахтиёр, дар мавзуи “Аҳамияти байналмилалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсент мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Саидзода Муҳаммад дар мавзуи “Конститутсия санади муқаддасу тақдирсози миллат”, дотсенти кафедраи журналистика Одинаева Марҳабо дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” маърӯза намуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет мушаххасоти бархе аз моддаҳои Конститутсия ва порчаҳои шеърӣ дар васфи Конститутсия  қироат гардид.

Мақсад аз баргузории ҳамоши истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳо дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати баландбардории савияи дониши донишҷӯён дар назар дошта шудааст.




Ба рӯйхат