, Чоршанбе, 11-декабр

ДАРСИ КУШОД: ТИРАМОҲИ ЗАРРИН

 01.11.2024 238

ДАРСИ КУШОД: ТИРАМОҲИ ЗАРРИН

Санаи 1-уми ноябр Иброҳимова Малоҳат – мураббии кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи тарбиятгирандагони синни 4-5-солаи кӯдакистон дарси намунавӣ гузаронид.

Дар дарс диреткори кӯдакистон, номзади илмҳои педагогӣ Саодати Раҳмоналӣ, мураббияҳо ва тарбиятгирандагон иштирок доштанд.

Мавзуи дарс “Тирамоҳи заррин” муқаррар гардида буд, ки мураббӣ дар амал тарбиятгирандро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт, ҳамзамон қайд намуд, ки Тирамоҳ ин фасли 3-юмини сол мебошад ва он вобаста ба кишварҳои дунё ҳаргуна мебошад. Асосан зери мафҳуми тирамоҳ мавсими солро дар назар доранд, ки дар он дарахтон зарду сурх шуда меваҳо мепазанд ва давраи ҳосилғундорӣ мебошад. Тирмаҳоро одатан зарин меноманд, чунки дар он алафу дарахтон зард мешванд, ки маънои ба охир расидани давраи зиндагии онҳо ва ба давраи хоб рафтанашон аст.

Дар идома тарбиятгирандагон дар бораи тирамоҳ, ки фасли хазон ва серҳосилист шеъру суруд қироат намуданд.

Мақсади дарс баланд бардоштани қобилияти дарку фаҳмиш ва ғани гардонидани ҷаҳони маънавии тарбиятгириандагон доир ба мавзуъ ва таҷриба андӯхтани мураббияҳои ҷавон дар назар дошта шудааст.




Ба рӯйхат