,
Чоршанбе, 11-декабр
Санаи 1-уми ноябр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус- Бобоқулов Ҷумахон, дарси кушод дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти адабии Александр Исаевич Солженицин” дар гурӯҳи таълимии 403-и ихтисоси Забон ва адабиёти рус гузаронида шуд.
Дар дарс мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ ва МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони муосири рус Нурматова Зарина, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Бобоқулов Ҷумахон дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Ҳаёт ва фаъолияти адабии Александр Исаевич Солженицин” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Александр Исаевич Солженицин (1918–2008) яке аз нависандагони маъруфи рус ва ходими ҷамъиятии асри 20 буд, ки бо асарҳои худ дар бораи низоми тоталитарии Шӯравӣ машҳур гашт. Вай дар асарҳои худ таҷрибаи шахсии худ ва дигаронро аз низоми лагерҳои меҳнатӣ (ГУЛАГ) ва таъқиби сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир мекард. Асари машҳуртарини ӯ, романи "Архипелаги ГУЛАГ", системаи лагерҳои меҳнатии маҷбуриро ба таври муфассал нишон медиҳад ва як танқиди шадид ба тоталитаризм аст.
Дар идома донишҷӯён чанде аз асарҳои адибро мисол оварда таҳлил намуданд ва аз эҷодиёти шоир порчаҳои насрӣ қироат намуданд.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.