,
Панҷшанбе, 26-декабр
Таърихи 31-уми октябри соли 2024, дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати тарғибу ташвиқи либоси миллӣ мутобиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ фестивали вилоятӣ таҳти унвони "Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон" баргузор гардид. Дар фестивал муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Абдуллозода Умеда, муовини раиси вилояти Хатлон- Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Кӯлоб- Назарзода Бахтиёр ва даигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи маълумот зимни баргузории фестивал бо иштироки зиёда аз 7000 нафар занон ва бонувони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то назди қалъаи шаҳр роҳпаймоии идона сурат гирифт, ки дар он занону бонувон-устодону омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо рӯҳияи идона фаъолона иштирок карда, дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани Фестивали вилоятии “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон” баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми фестивал ба Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сипосномаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои тарғибу ташвиқи либосӣ миллӣ, пос доштани фарҳангу тамаддуни ниёгон ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти хатлон Давлаталӣ Саид супорида шуд.