, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 31.10.2024 125

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 31.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳамоҳангсози Дафтари миллии Эрасмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Накҳатзода Моҳбону, доктор PhD аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт  семинари информатсионӣ дар мавзуи “Имкониятҳои Эрасмус+ дар Тоҷикистон: Таҳкими таҳсилот ва ҳамкорӣ дар доираи Эрасмус+” баргузор гардид.

Дар семинар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб иштирок намуданд. Семинари омӯзиширо муовини ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат Зардовна ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас Накҳатзода Моҳбону, Саидқосим Мухторов ва Охунов Фируз аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ва Орифзода Орзу, номзади илмҳои педагогӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯнамоҳои худро дар мавзуъҳои “Имкониятҳои Эрасмус+ дар Тоҷикистон: Таҳкими таҳсилот ва ҳамкорӣ дар доираи Эрасмус+”, “Фаъолиятҳои асосии лоиҳаи Жан Моне”, “Табодули кредитии байналмилалӣ” ва “Иштироки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар татбиқи лоиҳаҳои Эрасмус+” манзур намуданд.

Донишҷӯёну омӯзгорон саволҳои худро оид ба имкониятҳо барои иштирок ва ба даст овардани бурсияҳои лоиҳаи Эрасмус+  пешниҳоди баромадкунандагон гардонида, ҷавобҳои возеҳу равшан гирифтанд.




Ба рӯйхат