, Чоршанбе, 11-декабр

МИЗИ МУДАВВАР: ОДОБИ МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ-САТҲИ КАСБИЯТИ ОМӮЗГОР

 31.10.2024 117

МИЗИ МУДАВВАР: ОДОБИ МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ-САТҲИ КАСБИЯТИ ОМӮЗГОР

Таърихи 31-уми октябри соли 2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзуи ““Одоби муоширати педагогӣ-сатҳи касбияти омӯзгор” гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, ҳайати омӯзгорони кафедра ва  донишҷӯён иштирок доштанд.

Мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедра, дотсент Шарипов Бахтовар оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки имрӯз касби омӯзгорӣ фарогири се ҷузъи бо ҳам иртиботдошта мебошад, ки ба он фаъолияти педагогӣ, муоширати педагогӣ ва шахсияти омӯзгор шомил аст. Дар миён онҳо ҷузъи сеюм, яъне шахсият омили муҳимест, ки мавқеи касбии омӯзгорро дар фаъолияти педагогӣ ва муоширати педагогӣ муайян мекунад. Фаъолияти эҷодӣ-инфиродии омӯзгор сатҳи олии фаъолияти ӯст.

Дар идомаи кори мизи мудаввар ассистенти кафедра-Ноҳира Ҳақназарзода,  дар мавзуи “Одоби муоширати педагогӣ-сатҳи касбияти омӯзгор” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни ироаи маърӯза бо ёдоварӣ аз андешаҳои педагогон таъкид дошт, ки такмили касбияти омӯзгор, бахусу, омӯзгори оянда, пеш аз ҳама ба дарки касби интихобкарда, ки он танҳо бо ба даст овардани миқдори муайяни дониш, малака, маҳорат маҳдуд намешавад, балки тағйироти тамоми соҳаи арзишӣ-ҳавасмандгардонӣ, рушди қобилият ва сифатҳои касбӣ бо он ки омӯзгор тавонад нақшҳои интизоридоштаи дар симои касбиаш нуҳуфтаро қонеъ гардонад, дар бар мегирад.

Мизи мудавар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат