, Ҷумъа, 27-декабр

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 30.10.2024 140

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Имрӯз (30.10.2024) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси  кафедраи молия ва қарз конфронси шаҳрии илмӣ-назариявӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои бонкӣ бахшида ба 24-умин солгарди ба муомилот баровардани пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сомонӣ) таҳти унвони “Эҳтироми пули миллӣ-эҳтироми давлату миллат” баргузор гардид.

Дар кори конфронс декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент- Фатҳуллозода Абдухолиқ, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ- Холматов Баҳром, сардори маркази матбуоти донишгоҳ- Муҳаммадҷони Абдувоҳид, декани факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ- Расулова Лутфия, муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб- Давлатов Зафар,  директори ҶСК “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб- Наврузов Давлаҳмад, директори филиали ташкилоти қарзии “Оксус” дар шаҳри Кӯлоб- Саидов Хисрав, директори филиали ташкилоти қарзии “Ҳумо” дар шаҳри Кӯлоб- Устоев Ҳилолӣ, директори филиали ҶСП “Спитаменбонк” дар шаҳри Кӯлоб- Раҳмонов Зоҳир, директори филиали ТАК “Имон интернешл” дар шаҳри Кӯлоб- Шокиров Файзимад, мутахассиси шуъбаи муоширати тиҷоратии филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Кӯлоб- Икромов Шодӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ оғоз шуд. Ӯ зимни ироаи сухани ифтитоҳи таъкид дошт, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ, сарвати миллӣ ва обрӯю эътибори миллат аст, ки аз шарафи истиқлол ва сиёсати хирадмандонаву меҳандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст.

Дар идомаи кори конфронс тибқи муқаррароти барнома Давлатов Зафар-муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар устувории пули миллӣ ва низоми бонкии кишвар”, Вазирзода Дилором- номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз дар мавзуи “Ташаккулёбӣ ва рушди низоми танзим ва назорати асъори миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият”, Икромов Шодӣ-мутахассиси шуъбаи муоширати тиҷоратии филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Пули миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаи асосии давлатдорӣ” ва Ҳаёев Қиёмуддин- ассистенти кафедраи молия ва қарз дар мавзуи “Мушкилоти таъмини устувории молиявии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Таъкид карда шуд, ки масъалаи ба муомилот баровардани пули миллӣ дар як марҳилаи ҳассос ба миён омада, дар он давраи буҳронӣ дар мамлакат нарасидани захираҳои молиявии худӣ, ки барои гузаронидани ислоҳоти амиқи иқтисодӣ зарур буданд, ҳаматарафа эҳсос мегардид. Маҳз аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат тартиби  мукаммалу муназамро барои худ пеша намуд. Аз самари ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари кишавар ба масъалаи сиёсати мустақили пуливу қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

Дар бахши музокирот дотсентон Расулова Лутфия,  Мирсаидов Муҳаммаднаим ва Комилов Низомиддин андешаҳояшонро доир ба мавзуъ иброз доштанд. Ҳамчунин иштирокчиён ба суолҳои пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.




Ба рӯйхат