, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

 29.10.2024 128

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Таърихи  29.10.2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти рус мизи мудаввар баргузор гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоқулов Ҷумахон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал, мудири кафедра, дотсент Ғуломова Садбарг суханронӣ намуда,  доир ба мубрамият, дурнамо ва масъалаҳои актуалии рушди адабиёти рус дар заминаи адабиёти ҷаҳон ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, дотсенти кафедра Ашуров Азамат дар мавзуи “Мавқеи адабиёти рус дар адабиёти ҷаҳони имрӯза” маърӯза намуда, зимни баромади хеш иброз доштанд, ки асарҳои адабиёти муосири рус аз ҷониби муаллифони онҳо дар услубҳои гуногун офарида шудаанд, ки дар байни онҳо адабиёти оммавӣ, постмодернизм, адабиёти блогерӣ, роман-антиутопия, адабиёт барои китобон барҷастаанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки адабиёти солҳои охир доманаи фарохи дарбаргирандагии масоил, яъне омезиши глобалии жанрҳо, услубҳо, одоби адабӣ ва ғайра мебошад.

Мизи мудавар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат