,
Ҷумъа, 08-ноябр
Сангаков Ҳайдар, донишҷӯи курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Бокс” байни калонсолон (мардон ва бонувон), ки дар шаҳри Душанбе санаи 27-уми октябр баргузор гардида буд, дар вазни 92кг сазовори ҷойи дуюм гашта, бо медали нуқра ва диплом сарфароз гардонида шуд.
Раёсати донишгоҳ Ҳайдарро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.