,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Имрӯз (28.10.2024) дар кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи назарияи иктисодӣ, номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Комилов Низомидин оғоз ёфт.
Сипас декани факултет номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ баромад намуда, накшаи семинарҳои илмӣ-методии назди кафедраро дар рушди корҳои илмӣ-тадкикотии омӯзгорон мухим ва саривактӣ арзёбӣ намуданд.
Баъдан номзади илмҳои иқтисодӣ, Тешаев Мирзошариф дар мавзуи “Системаи фосилавӣ ҳамчун омили асосии рушди сифати таҳсилоти олии касбӣ” ва муаллими калони кафедра Раҳматов Умед дар мавзуи “Сармоягузории хориҷӣ дар рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот вобаста ба мавзухои барасишавандаи семинар саволу ҷавоб доир гардид.