,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз (25.10.2024) маҳфили навбатии “Ҷомеа ва ҷаҳон”-и назди кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил Фирӯзи Илҳом доир ба пешбурди кори маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Мирзозода Шаҳноза дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм ҳамчун шакли каҷрафторӣ-моҳият ва хусусиятҳои он”, зери роҳбарии номзади илмҳои фалсафа Ғаюров Лоиқ ва донишҷӯи курси 1-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Раҳимзода Муҳаммад дар мавзуи “Заминаҳои иҷтимоии рушди маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони истиқлолияти давлатӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои маҳфилҳои оянда ба анҷом расид.