,
Ҷумъа, 08-ноябр
Санаи 25-уми октябри соли 2024 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Идеяҳо ва нақши он дар фаъолияти соҳибкорӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Абдулов Дилшод, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Муродалӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо суханронии ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Абдулов Дилшод оғоз гардида, дар идома номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Назаров Муродалӣ дар мавзуи “Идеяҳо ва нақши он дар фаъолияти соҳибкорӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Қайд гардид, ки дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши бузург дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд”.