, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

 24.10.2024 70

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

Дар таърихи 24.10.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил Сайҷафарзода Озода - донишҷӯи курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Забони модарӣ-таҷассумгари миллат” ва Холмуродова Зарина - донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Мақоми Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба охир расид.




Ба рӯйхат