, Ҷумъа, 08-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 24.10.2024 51

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 24-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи рус  конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва методикаи омӯзиши забонҳои русӣ” ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Дар кори конференсия садорати факултет, олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Кори конференсия бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо оғоз гардид. Устод зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар замони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро бештар васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намояд.

Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус дар мавзуи “Мушкилоти асосии омӯзиши забони русӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус Нурматова Зарина дар мавзуи “Тағйирот дар шароити забонӣ ва пайдоиши навъҳои нави мубоҳиса”, магистрантони факултет Саидова Маликабону дар мавзуи “Ҷумлаҳои масдарӣ дар забони русӣ ва тарҷумаи онҳо бо забони русӣ” ва Мираҳмадов Д. дар мавзуи “Забони русӣ ва алоқаи интернетӣ: калимаҳо ва падидаҳои нав” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Сипас, нимаи дуюми рӯз кори конфронс дар ду бахш: “Забони муосири рус” ва “Методикаи таълими забони русӣ” бо шунидани беш аз 30 маърӯзаи олимону муҳаққиқон ва магистрантону донишҷӯён идома ёфт.




Ба рӯйхат