, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

 23.10.2024 117

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

Санаи 23.10.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти тоқик Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Воситаҳои тасвири бадеӣ (санъатҳои бадеӣ)” дар гурӯҳи таълимии 102-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар дарс доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, номзади илмҳои филологӣ Одинаева Гулбону ва ҳайати дигари омӯзгорон иштирок доштанд.

Нахуст, муаллим Шамшоди Ҷамшед  баромад намуда, дарсро оғоз намуданд. Зимнан қайд намуданд, ки “Санъатҳои бадеӣ, яке аз воситаҳои муҳими тасвири бадеӣ ба ҳисоб рафта, бо ёрии онҳо санъаткор фикр, ғояву мақсад ва мазмунеро дар шакли мӯъҷазу таъсирбахш ифода менамояд. Санъатҳои бадеӣ воситаи муҳим ороиши сухан буда, дар адабиёти бадеӣ ҳамчун унсу- ри шакл сохти нисбатан устувори анъанавӣ доранд. Санъатҳои бадеиро дар адабиётшиносии гузаяша илми бадеъ гуфтаанд, ки он яке аз ҷувъҳои сегонагии илми балоғат, яъне маонӣ, баён ва бадеъ аст. Дар гузашта аркони баён, бадеъ ва маонӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд”.

Инчунин ҳангоми дарс муаллим миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронид. Ҳамзамон донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Дар охир ҳозирин баромад намуда, дарсро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия доданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шаванд.




Ба рӯйхат