, Ҷумъа, 08-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 23.10.2024 55

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз (23.10.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, мутахассисони Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Ғаниев Фирӯз ва Сафарзода Сироҷиддин ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии факултет, Қаюмова Мубина зимни баромади худ ҳозиринро бо мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд. 

Сипас, донишҷӯёни факултет, Руқияи Саттор дар мавзуи “Рушди забон- нишонаи инкишофи миллат”, Раҳматова Фотима дар мавзуи “Мавзуи худшиносии миллӣ дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ” ва Саидова Нигора дар мавзуи “Мундариҷаи ашъори Розияи Озод” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат