, Панҷшанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТ


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТ

Санаи 22-юми октябр дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарифов Манучеҳр, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Файзов Рамазон, муовини декан оид ба тарбия Ҷумъахони Саидшо, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Файзов Рамазон маҳфилро оғоз намуда, аз фаъолияти маҳфили мазкур дар факултет ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ дар чунин маҳфилҳо иштирок дошта бошанд.

Сипас, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.

Дар идома Шерматова Гулҷаҳон ва Адолати Ёқуб донишҷӯёни курси 4-уми факултет маърӯзаҳои худро вобаста ба “Ҳокимияти сиёсӣ” ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_67gbm3rofjragnfcdr82ubuu1b in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_67gbm3rofjragnfcdr82ubuu1b): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_pc17nocqkj008qrrq9e855919l in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_pc17nocqkj008qrrq9e855919l): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274