, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС”

 22.10.2024 143

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Минбари ҳуқуқшинос”-и назди кафедраи ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарифов Манучеҳр, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Назаров Бахтиёр ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Эмомов Сулаймон маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, доир ба рафти маҳфил ва пешбурди кори он суханронӣ намуд.

Дар маҳфил маърӯзаи Қурбонзода Шаҳодат донишҷӯи қурси 4-уми факултет дар мавзуи "Функсияҳои давлат" ва Каримов Лутфулло донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Эътирофнамоии ҳуқуқи байналхалқӣ” шунида шуд.

Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат