,
Ҷумъа, 27-декабр
Имрӯз (22.10.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Фалсафаи Носири Хусрав ва масъалаҳои ҳувияти миллӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, раиси шаҳри Кӯлоб – Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - Абдусамадзода Эраҷ иштирок ва маърӯза намуданд.
Инчунин, дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ роҳбарон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб, собиқадорон, аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, олимон, муҳаққиқон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, оғоз шуд. Номбурда дар аввал, аҳли толорро ба макони муҳаббатнаво, мазҳари илму адабу хираду донишу маърифат- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ хайрамақдам гуфта, мавзуи баррасишавандаро ба ҳозирин шарҳ дода, ҳадаф аз баргузории чунин як чорабинии бошукӯҳ, ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявиро пеш аз ҳама баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ, асолати миллӣ, гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ ва дарк намудани воқеияти таърихӣ ва руҷуъ кардан ба ашъори гаронмояи адабпарваронаи гузаштагони боифтихори мо ва Носири Хусрав арзёбӣ намуданд.
Дар зимн таъкид доштанд, ки Носири Хусрав яке аз номдортарин, шинохтатарин шахсияте ҳаст, ки дар ҳувияти мардуми форсу тоҷик, натанҳо чун мутафаккир, шоир, балки як мудаббир, сиёсатмадор, як шахсияти фарҳехта, шахсияти оламшумул аст, ки дар баробари дигар ибтикороти наҷибу ақлонии Носири Хусрав шарафи ӯ, қудрати ӯ, меҳнати ӯ, бузургии ӯ барои ин халқ, ватану миллат аз он иборат аст, ки ӯ бо ашъори ватандӯстиву ватанварзӣ ва меҳнатдӯстиву ақлу хирад таваҷҷуҳи хоса пайдо намуд. Ва мо имрӯз аз ин шаҳкории пурғановати адабии Носири Хусрав баҳрабардорӣ менамоем.
Дар идома тибқи барномаи кори ҳамоиши илмӣ-амалӣ раиси шаҳри Кӯлоб – Назарзода Бахтиёр, дар мавзуи “Нақши шахсияти Носири Хусрав дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, дар мавзуи “Назаре ба афкори ҳуқуқӣ ва сиёсии Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, перомуни мавзуи “Тавсифи донишу хирад дар ашъори Носири Хусрав” ва муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - Абдусамадзода Эраҷ, доир ба масъалаи “Шарҳи масоили забоншиносӣ дар осори Носири Хусрав” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуда, ёдовар шуданд, ки миллати тоҷик аз қадим дар ҳама марҳилаҳои сарнавиштсоз бо нерӯи ақлонӣ, дониш, маърифат, руҳи шикастнопазир ва иродаи устувор дар анҷом додани корҳои бузург саҳмгузорӣ намуда, дар роҳи хираду маърифат ва бунёди кохи илму адаб корҳои оламгирро ба анҷом расонидаанд.
Дар ростои баёни андеша дар робита ба асолату ҳувияти миллӣ таъкид карда шуд, ки аз 166 мавзуи девони ашъори Носири Хусрав 77 мавзуъ ба ватан, ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва гиромидошти аслу асолати миллии мо бахшида шудааст. Фалсафаи ҳувияти миллӣ дар ашъори Носири Хусрав ба монанди уқёнусе беканор аст, бекарон аст, густурдаву паҳновар аст.
Ӯ идомадиҳандаи андешаву афкори гузаштагони пурифтихори мо, бахусус Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон буд. Носири Хусрав шоири насиҳатгар ва омӯзгори ботаҷрибаи ҳаёт мебошад. Абёти маснавиҳои «Саодатнома» ва «Рӯшноинома» панди судманде мебошанд, ки ба мардум роҳи зиндагии хуши инсониро нишон медиҳанд. Муҳимтарин осори фалсафии Носири Хусрав «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳайирин», «Сафарнома», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд, ки ғояи осору таълифоти адибро хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ- фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан дар бар гирифтааст.
Дар раванди кори ҳамоиш умед бар он карда шуд, ки бо омӯзишу баррасии нукоти волову мондагори орифони илму адаби ниёкон дар замири ҳар як фарди ҷомеа ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллиро тарбия намоему таҳкиму тақвият бахшем. Зеро аз таҷрибаи давлатдорӣ собит гардидааст, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба эҳсоси миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ вобастагии мустақим дорад.
Пас аз хотимаи маърӯзаҳои асосӣ дар қисми музокираи ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон – Ҳақназар Ғоиб, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Ҳотам Асозода дар хусуси мавзуи ҳамоиш изҳори андеша намуданд.
Зимни сухани хотимавии ҳамоиш аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон- Рудобаи Мукаррам, ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб ҷилди 35-уми китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” туҳфа карда шуд.