,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 22.10.2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаҳои муосири методикаи таълим дар таҳсилот” бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки воқеан такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши давлату ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистони биҳиштосо гардидааст.
Сипас, номзади илмҳои таърих (таърихи математика) Гулматов Маҳмадалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои асосии методикаи таълими математикаи муосир дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ” ва ассистенти кафедра Мавлонов Сулаймон дар мазуи “Инкишофи тафаккури хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълими математика” маърӯзаи худро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Дар бахши музокирот мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба охир расид.