,
Ҷумъа, 08-ноябр
Санаи 21-уми октябри соли 2024 Мирзоева Маҳтовбӣ - номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик дар гурӯҳи таълимии 401-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод гузаронид.
Дар дарс мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, муовини декани оид ба таълими факултет Назиров Мадалӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва устодон иштирок доштанд.
Мавзуи дарс “Мақсади омӯзиши назарияи адабиёт дар мактаб” муқаррар гардида буд, ки устод дар амал донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт.
Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо заминаи донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастури раёсати донишгоҳ доир ба тақвият бахшидани раванди дарсҳои кушод ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ унвон мегардад.