,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Санаи 21.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Нақши мутафаккирони форсу тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сармутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонзода Убайдулло, мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои фалсафа Ғаюров Лоиқ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз гардида, доир ба нақши мутафаккирони форсу тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози андеша намуданд.
Сипас, мудири кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ дар мавзуи “Таълимоти дунявияи Закариёи Розӣ ва Умари Хайём”, номзади илмҳои таърих (таърихи математика), муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо Гулматов Маҳмадалӣ да мавзуи “Саҳми Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ дар тарақиёти илми риёзӣ”, муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он Ҳусайнов Руҳалло дар мавзуи “Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар илми риёзиёт” ва муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Нақши Абуалӣ ибни Сино дар раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар фарҷом ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни маърӯзакунадагону иштирокчиён ба анҷом расид.