, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Муҳофизони ҷавон”-и кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, 21-уми октябр дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра Абдуллоҷони Ҳамрохон, ҷонишини декан оид ба тарбияи Исмонов Маҳмадулло, муаллими калони кафедра Сафаров Ширин, муаллими калон, ҳамзамон роҳбари маҳфил Ҷалилов Ғолибҷон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра Абдуллоҷони Ҳамрохон суханронӣ намуда ба кори маҳфил барор хостанд. Сипас, роҳбари маҳфил Ҷалилов Ғолибҷон ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуданд.

Дар идома Муродов Ҷонибек донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми газидани ҳайвонот ва хазандаҳо” ва Баротзода Зикриё донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Омодаги то даъвати ҳарбии ҷавонон қисми таркибӣ ва системаи тайёр намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_2glq0h0ufvupp6k3dre1rej0g9): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dh2fibs4a4kvi8mq13hili49k4 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dh2fibs4a4kvi8mq13hili49k4): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274