, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

 19.10.2024 84

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Бо ҳамин мақсад имрӯз (19.10.2024) ҷаласаи васеи Кумитаи падарону модарони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултет, дотсент Расулова Лутфия, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, сардори шуъбаи кор бо занону духтарон Рӯзиева Барно, ҳайати омӯзгорону кормандон ва падару модари донишҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин, намояндагони раёсати таълиму тарбия ва садорати факултет зимни суханронӣ оид ба қоидаву муқаррароти оинномаҳои донишгоҳӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ, сари вақт ҳозир шудан ба дарс ва дигар мавзуъҳои алоқаманд ба таълиму тарбия ибрози андеша намуда, диққати волидайнро ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа ва бақои саодатбору мулки обод аз таълиму тарбияи насли бофарҳангу донишманд ва мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир алоқаманд аст. Мусаллам аст, ки дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳм дорад. Вале набояд фаромуш сохт, ки тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чи гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.

Дар вохӯрӣ падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароитҳое, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардааст, дидан намуданд. Дар охир зумрае аз донишҷӯёни фаъол ва волидайни онҳо бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.




Ба рӯйхат