, Якшанбе, 22-декабр

ДАРСИ КУШОД: ГУЛДӮЗИҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ

 19.10.2024 162

ДАРСИ КУШОД: ГУЛДӮЗИҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ

Мусаллам аст, ки дарси кушод дарси намунавӣ ба ҳисоб рафта, муаллим онро дар ҳузури гурӯҳи омӯзгорони дигар аз фанни тавсияшуда тадрисшаванда амалӣ менамояд. Дарсҳои кушод заминаи мусоидро ҷиҳати табодули таҷриба, пешниҳоди методу усулҳои навин, намоиши беҳтарин равишро дар таълиму тадрис фароҳам меорад. Дар ин радиф берун шудан аз дарсҳои қолабӣ ва ташкили дарси кушод шавқу ҳаваси донишандӯзонро нисбат ба предмети омӯзандашаванда афзун мегардонад.

Бо ҳамин мақсад, санаи 19-уми октябри соли 2024  Мирзоева Бунафша-номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод гузаронид.

Дар дарс мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, муовинони декани факултет ва устодон иштирок доштанд.

Мавзуи дарс “Гулдӯзиҳои миллии тоҷикӣ ва ранги риштаҳо дар он” муқаррар гардида буд, ки устод дар амал донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолибу таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти интихоби ришта ва таҳияи гулдӯзиҳои миллии тоҷикиро ба донишҷӯён фаҳмонид.

Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо заминаи донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастури раёсати донишгоҳ доир ба тақвият бахшидани раванди дарсҳои кушод ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида,  ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ унвон мегардад.




Ба рӯйхат