,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 19-уми октябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Меҳргон таҷассумгарӣ суннатҳои неки инсонӣ” бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, муовинони декан, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ҳайати устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлол умри дубора бахшид. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Инчунин сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрику таҳният намуданд.
Сипас, дотсент Қувватова Муҳаббат дар мавзуи “Гиромидошти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни Меҳргон”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Қаюмова Мубина дар мавзуи “Меҳргон ҷашни суннатии аҷдодони мо” маърӯза намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет порчаҳои насрӣ ва назмӣ дар ситоиши ҷашни Меҳргон қироат гардид. Ҳамзамон аз ҷониби яке аз донишҷӯёни факултет суруд бо овози зинда баҳри болидаруҳии иштирокчиён садо дод.