,
Ҷумъа, 08-ноябр
19-уми октябри соли 2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳамидова Дилрабо, номзади илмҳои физика-математика Шарипов Сафаралӣ, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳамидова Дилрабо маҳфилро оғоз намуда, аз фаъолияти маҳфили мазкур дар факултет ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ дар чунин маҳфилҳо иштирок дошта бошанд.
Сипас, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.
Дар идома Изатуллозода Убайдулло, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Аз қувваҳои гравитатсионӣ то ба мавҷҳои гравитатсионӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.