,
Сешанбе, 03-декабр
Имрӯз (19.10.2024) дар кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи двлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методӣ бо иштироки устодони кафедра баргузор гардид.
Ба кори семинар мудири кафедра, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ оғоз бахшида аз мақсад ва ҳадафҳои асосии он ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки мақсади асосии фаъолияти семинари илмӣ-методӣ ин дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифату худогоҳи, донишҳои касбиву тахассусӣ ва фарҳангии устодону донишҷӯён дар назар дошта шудааст.
Дар семинар ассистенти кафедра Мавлонов Сулаймон дар мавзуи "Ҳалли масъалаҳои мураккаб бо усули арифметикӣ" маърӯза намуд.
Баргузории семинарҳои илмӣ-методӣ дар назди кафедраҳои донишгоҳ омили муҳим ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ ва малакаҳои касбии омӯзгорон ба шумор меравад.