, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 19.10.2024 124

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 19.10.2024 дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ баргузор гардид.

Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ Намозов Амонулло, мутахассисони маркази мазкур Ғаниев Фирӯз, Сафарзода Сироҷиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Намозов Амонулло маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.

Сипас, Каримов Комрон роҳбари маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баромад намуда, аз мавзуи баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дод.

Дар идома Ҳоҷизода Марҷона, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси биология ва экология дар мавзуи “Таъсири моддаҳои калонмолекула ба ифлосшавии муҳити экологӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат