, Ҷумъа, 08-ноябр

ТАВАҶҶУҲ ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 18.10.2024 84

ТАВАҶҶУҲ ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ҳамин мақсад санаи 18-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ)” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сафарзода Манучеҳр, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим, мудирони кафедраҳо ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Семинари омӯзиширо муовини сардори раёсати илм Сафарзода Манучеҳр ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар фазои илмии мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ махзани ягонаи миллии иқтибосҳо амал мекунад, ки ҳадафи фаъолияти махзани мазкур баҳогузорӣ ба мақолаҳои илмии олимону коршиносони соҳаҳои гуногун ва раванди истифодаи иқтибосҳо аз мақолаҳои илмӣ дар назар дошта мешавад.

Дар идома кори семинарро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим пеш бурда, доир ба мавзуи “Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ)” маълумоти ҷолибу асоснокро пешкаши иштирокчиён гардонид. Ҳамзамон зимни баромад оид ба тарзи ворид шудан ба махзан ва тартиби ҷой додани мақолаҳоро ба иштирокчиён фаҳмонида, таъкид дошт, ки нашри маводи илмӣ дар сомонаҳои илмии тақризшавандаи дохиливу хориҷӣ боиси баланд гардидани обрӯву эътибор ва нуфузи муассисаи олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Сипас, иштирокчиён бо дарёфти маълумот раванди бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба махзанро дар амал нишон доданд.

Зимни семинар устодон бо саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.




Ба рӯйхат