,
Якшанбе, 22-декабр
18-уми октябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, номзади илмҳои филологӣ Одинаева Марҳабо ва ҳайати дигари омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст маҳфилро роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза оғоз намуданд.
Сипас, Тошматов Умарҷон донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Вазъи муосири қонунгузорӣ оид ба воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон” ва Сайдаҳмадзода Марям донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Озодии иттилооти оммавӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.