, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 18.10.2024 167

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 18-уми октябр дар толори Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни  факултети филологияи хориҷӣ  бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Сараввал, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Робияи Абдусамад суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, донишҷӯёни курси 4-уми факултет Давлатова Муслима дар мавзуи "Эҷодиёти нависандагон ва шоирони англисзабон дар тараққиёт ва пешрафти илми филология", Шамсзода Парвина дар мавзуи “Нақши интернет дар фаъолияти имрӯзаи инсоният” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир маҳфил  бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат