,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Маҳфили адабии "Парвози шоҳин"-и факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи 17.10.2024 бо иштироки нависанда ва рӯзноманигори шинохта Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар ҳошияи истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, Шоири халқии Тоҷикистон-Ҳақназар Ғоиб, нависанда ва рӯзноманигори шинохта Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, аҳли зиё ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Маҳфилро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ки ровигии онро бар зимма дошт, оғоз намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Дар зимн мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии адиб, рӯзноманигор- Сипеҳр Ҳасанзод, маърӯзаи пурмуҳтавои илмиро ироа намуда, ёдовар шуд, ки адиб бо сабк ва услуби ба худ хос нависандаи рангинхаёл аст. Дар офаридаҳои ӯ мавзуи меҳварии адабиёти бадеӣ- инсонгароӣ ба назар мерасад. Маҷмуаҳои қиссаву ҳикоёти «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Офтобо, ба ғуруб марав...», «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Гулхани сабз», «Ҳадиси ватандорӣ» «Дарёдилеву соҳиле...», «Турнаҳои мусофир», «Чароғи ҳидоят» дар шакли китоби алоҳида ва мухтасари романи ӯ таҳти унвони «Порисаеву ворисе» дар саҳафоти нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп расидаву истиқболи гарм ёфтаанд.
Дар идома нависанда Сипеҳр Ҳасанзод ба сухан баромада оид ба фаъолияти эҷодӣ, кору фаъолият, мазмуну мундариҷаи таълифот ва воқеаҳои ҷолибу хотирмони ҳаёт, ки муҳтавои онро мавзуоти оила, маърифату инсонгароӣ, одобу фаросат, далерию шуҷоат, тарбияи одами нав, садоқатмандиву вафодорӣ, лафз ва шикасти нафс дар бар мегирифт, ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин дар идомаи кори маҳфил соҳибони каломи мавзун ва нухбагони сухани воло Ҳақназар Ғоиб, Мӯсо Абдуқаҳҳор, устодони донишгоҳ Холиқов Сафар ва Шоҳинов Ҳасан баромад намуда, доир ба нақш ва ҷойгоҳи рӯзноманигори чирадаст ва адиби баркамол, ки кайҳо боз килки сеҳрангезаш ба ҷомеа лаззати маънавӣ мебахшад, ибрози назар намуданд.
Дар қисмати дигари маҳфил аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика порчаҳо аз эҷодиёти адиб ироа гардид.
Сипас, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни баромад эҳёи дубораи маҳфили адабии “Парвози шоҳин”-ро дастоварди муҳими фарҳангӣ ва омили муҳим дар шинохт ва муаррифии аҳли илму адаби кишвар арзёбӣ намуда, даъвати адибону чеҳраҳои маҳбуби кишварро ба маҳфил рамзи қадршиносии ҷомеаи меҳнативу донишпажӯҳи донишгоҳ ва нақши суҳбати нухбагону пешбарандагони маърифату фарҳангро дар тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон муассир маънидод намуд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки нависанда ва адиби маҳбуб Сипеҳр Ҳасанзод бо таълифоти асарҳои пурмазмун дар ташвиқу тарвиҷи сиёсати фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста мегузорад. Адиб дар осори публитсистии худ «Чакомаи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллати тоҷвар» ташаббус ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ бо далоили муътамад ибратомӯз ва дақиқкорона ба қалам додааст. Ҳамчунин, дар асари публитсистии «Ҳадиси ватандорӣ» аз масоили дастовардҳои замони истиқлол ва нақши барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад, ки омӯзиши он дар тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷомеа аҳамияти бузург дорад.
Дар охир, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин адиб бо як ҷаҳон самимияти хос ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, асари тозанашри худ “Чароғи ҳидоят”-ро ба китобхонаи донишгоҳ тақдим намуданд.