,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 17.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Вазъи татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (дар мисоли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)» баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи хадамоти таълимию методии таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ҳабибов Насулло, кормандони қисми таълим ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд.
Дар кори семинари омӯзишӣ масъалаҳои афзалият ва мушкилот дар амалишавии низоми кредитии таҳсилот, риояи талаботи “Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони МТОК”, тартиби таҳияи нақшаҳои намунавии таълимӣ, барномаҳои таълимиву корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён фикру андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати пешбурди самараноки раванди таълим таклифу пешниҳод манзур доштанд.