,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 17.10.2024 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси лаборатории ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он-Чолова Саодат дар гурӯҳи таълимии 504-и ихтисоси биология-экология дар мавзуи "Ҳосил кардани ишқори натрий" бо иштироки омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Чолова Саодат дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, доир ба мавзуи "Ҳосил кардани ишқори натрий" маълумоти муфассал ва ҷолиб пешниҳод намуд.
Зимнан дар рафти дарс, ки амалӣ буд, муаллим доир ба мавзуи мазкур қайдҳо сохт ва донишҷӯён бошад бо истифода аз таҷҳизоти лабораторӣ таҷрибаи ҳосил намудани ишқори натрийро нишон доданд.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.