, Ҷумъа, 05-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС”

Имрӯз (17.10.2024)  дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбати “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи мазкур Ашурова Нодира, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, дотсенти кафедра Одинаева Гулбону ва ҳайати дигари омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.

Сипас, Садирова Муҳайё, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Образи Симурғ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ" ва Муродова Мавзуна, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Мавзуи ватандӯстӣ дар ашъори Саидҷон Ҳакимзода” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_er19bv5mj69ccphe4ebqdokqtd): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_kl6mdi8f5kn0ijhg6a0hi3vfqg in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_kl6mdi8f5kn0ijhg6a0hi3vfqg): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ppk5es6ir5vokjt5a4rqqe5k8c in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ppk5es6ir5vokjt5a4rqqe5k8c): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274