, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

 17.10.2024 127

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

Санаи 16.10.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Физикони ҷавон” бо иштироки мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Акрамова Рухшона, ҷонишини декан оид ба таълим Нодиров Комил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, номзади илмҳои физика ва математика Шарипов Сафаралӣ баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.

Сипас, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика Мирзоева Шукрона дар мавзуи “Асосҳои кинематикаи қонунҳои Нютон” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар бахши дуюми маҳфил ҳалли масълаҳои физикӣ ба донишҷӯён супорида шуд ва донишҷӯён аз уҳдаи ҳалли масъала ба хубӣ баромаданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи аъзоёни маҳфил ба охир расид.




Ба рӯйхат