,
Якшанбе, 22-декабр
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Посдори забон”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз (16.10.2024) дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қуватова Муҳаббат ва дигар омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари маҳфил Чолова Майрамбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Қосимова Маҳина - донишҷӯи курси якуми факултети физика ва математика дар мавзуи “Манбаъ ва роҳҳои инкишофи забони тоҷикӣ” ва Ҳидояти Сулаймон - донишҷӯи курси якуми факултети физика ва математика дар мавзуи “Имлои забони тоҷикӣ: овозҳои садоноку ҳамсадо дар забони тоҷикӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.