, Ҷумъа, 27-декабр

ВОХӮРӢ БО САРДОРИ ГУРӮҲИ ФАВРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 16.10.2024 200

ВОХӮРӢ БО САРДОРИ ГУРӮҲИ ФАВРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар таърихи 16-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковник Нуралиев Зафар Сафарович, ҳайати раёсати донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ифтитоҳии вохӯрӣ ба муҳтарам Нуралиев Зафар Сафарович барои вақт ҷудо намудану баргузории вохӯрии судманд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории нишасту мулоқотҳо бо кормандони мақомоти қудратӣ баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯёну муҳассилин ва дар рӯҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ  тарбия намудани шаҳрвандон  дар назар дошта шудааст. Омӯзиши фарҳангу таърихи миллат дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дошта, ҳадафи асосии он ба такмили маънавии муҳассилин дар давраи ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Зеро барои давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Сипас, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник  Нуралиев Зафар Сафарович дар мавзуи “Мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ” маърӯзаи муфассал намуда, дар бораи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ва роҳу равишҳои пешгирию мубориза бо онҳо нуктаҳои ҷолибу асоснокро ироа намуд.

Дар баробари ин, таъкид доштанд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва таълиму тарбияи дурусту дар роҳи садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасу ҷавон моро лозим меояд, ки бо омӯзиши амиқи таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгон даст ба кор шавем ва дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавиамон масъулиятшиносона амал намоем.

Дар охири вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳамчун рамзи қадршиносии ҳайати кормандони донишгоҳ ба Нуралиев Зафар Сафарович- полковник, сардори гурӯҳи фаврии Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, таҳким бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ барои пешгирии ҳамешагии шомилшавии ҷавонон аз амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳлилу баррасии муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ Сипосномаи Раёсати донишгоҳро супорида, иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани таъкидоту пешниҳодоти меҳмони гиромӣ ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ ҳамеша ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти амнияту суботи сартосарӣ дар кишвар пайи кор шуда, минбаъд низ ба фаъолияти худ  дар ин самт диққати ҷиддӣ медиҳанд.




Ба рӯйхат