,
Ҷумъа, 08-ноябр
Имрӯз (15.10.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якуми факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, муовинони декани факултет, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои якум иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои аз бар кардани донишу малакаҳои касбӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуданд. Зимни баромади хеш оид ба масъалаҳои риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ суханронӣ намуданд.
Инчуни доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Шамшоди Ҷамшед суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки донишҷӯ саъю кушиш мекунад, ки дар касби интихобнамудааш мутахассис шавад. Ӯ бовиҷдонона таҳсил мекунад ва дар тадқиқотҳои илмӣ ширкат меварзад. Ҳамаи имкониятҳоро барои пурра кардани сатҳи дониш ва аз худ намудани малакаҳои амалӣ истифода мебарад, кушиш мекунад, ки дар касби интихобкардааш мутахассиси хуб шавад. Донишҷӯ дар вақти санҷишу имтиҳонот рӯбардор намекунад ва аз шпаргалка истифода намебарад. Донишҷӯ барои ёрӣ ба дигар шахсони миёнараву бесалоҳият муроҷиат намекунад ва дар вақти санҷишу имтиҳонҳо, ки иҷроиши корҳои фардиро пешбинӣ менамоянд, сидқан саъю кӯшиш мекунад, вазифаи хонагӣ, корҳои санҷишӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ ва дипломии аз тарафи дигарон иҷрокардашударо ҳамчун натиҷаи меҳнати шахсии худ намесупорад.
Сипас аз ҷониби яке аз донишҷӯён савганди донишҷӯӣ қироат карда шуд, ки ҳама донишҷӯён дар якҷоягӣ калимаи "Савганд"-ро ба забон оварданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни курси якуми факултет дафтарчаҳои имтиҳонотӣ аз ҷониби садорати факултет супорида шуда, онҳоро барои сазовори номи донишҷӯ шудан табрик карданд.