,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 14.10.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Шоҳномадон»-и назди кафедраи адабиёти тоҷик бо иштироки роҳбари маҳфил доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Ашурова Нодира оид ба пешбурди кори маҳфил суханронӣ намуда, дар мавзуи “Ҷойгоҳи зан дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Асари безавол «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чун баҳри бекароне мебошад, ки ин шоҳкори бемарг моро ба саргузашти шаш ҳазор солаамон ошно карда, метавонад тоҷиконро ба худшиносии миллӣ расонад, қайд намудан-муаллим Ашурова Нодира.
Дар охир маҳфил бо музокирот миёни иштирокчиён ба охир расид.