, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 14.10.2024 145

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон муқаррар шудааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки сарчашмаи ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мебошад, бобати муқаррар намудани имтиёзҳо барои соҳибкорон тамоми чораҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ менамоянд. Дар пайрави аз ин гуфтаҳо имрӯз (14.10.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ” бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳи сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асоев Баҳодур ва омӯгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултети иқтисод ва идора, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи соҳибкорон табрику шодбош намуда, ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуданд.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар зимни сухани ифтитоҳӣ, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуқӯъ пайвастааст.

Сипас, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, дотсент Асоев Баҳодур дар мавзуи “Соҳибкории хурд ҳамчун омили рушди иқтисодиёти миллӣ”, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, дотсент Содиқзода Зафар дар мавзуи “Иқтисодиёти сабз, кафолати рушди устувор барои имрӯзу фардои кишвар” ва мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Муродалӣ дар мавзуи “Нақши сармоягузориҳо дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли корхонаҳои саноатӣ)” маърӯзаҳои худро ироа намуда, иброз доштанд, ки саҳми соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва дастгирии онҳо тадбирҳои муассир меандешад. Маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат ба соҳибкорон имтиёзҳо ва сабукиҳо дар фаъолияташон дода шудааст. Аз ҷумла, пешниҳоди қарзҳои хурд, коҳиш додани шумораи мақомоти санҷишӣ, бо тадриҷ аз байн бардоштани монеаҳо аз ҳамин қабил мебошанд.

Дар бахши музокирот декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ва сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром баромад намуданд.




Ба рӯйхат