,
Ҷумъа, 08-ноябр
Санаи 12-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба 70-солагии адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик- Искандари Хатлонӣ, таҳти унвони “Назаре ба рӯзгор ва осори Искандари Хатлонӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки “ Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев рӯзи 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори номвари тоҷик, 24 сол пеш, дар синни 46-солагӣ дар Маскав кушта шуд. Асрори марги ӯ ба мисли зиндагии пуршебу фарозаш то имрӯз нақши ҷонсӯзе барои хонавода, ёру дӯст ва ҳаводорони осораш гузошта”.
Сипас, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова дар мавзуи “Ғурури руҳи ӯ побарҷост” ва мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Дар дили ӯ ҳазор Хурусон нуҳуфта буд...” маърӯза намуданд.
Маърӯзачиён зимни баромадашон аз ҳаёт ва фаъолияти Искандари Хатлонӣ ёдовар гардида, иброз доштанд, ки Искандари Хатлонӣ аз умр атийяи зиёде баҳравар нашуд ва ин камфурсатии рӯзгор барояш иҷозаи бештар надод, то ҳама таронаву сурудаи ҷолибу ноб ва нотакрорашро ба забон биоварад ё рӯйи саҳфа резад.
Маҷмӯан, сурудаҳои Искандар дар ду дафтари шеъри ӯ «Садои пойи вожаҳо» ва «Косаи шир» ғунҷоиш пайдо карданду халос, аммо ҳазорон ҳазор мисраву байту қитъаи ногуфта андаруни девони қалби хомӯшаш нохонда монданд. Бо ин ҳама, марзи инсоф он аст, ки ӯ дар ин вусъати андак ҳиммати дарёӣ аз худ зоҳир кард ва ашъоре суруд, ки барои ҳазорсолаҳо битавонад номашро дар саҳифаҳои адабиёт рақам занад, шеъре, ки саропо ибтикор, таҷаддуд, маънишикорӣ, тафсири меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, зиндагӣ ва дар ҳар чи маҳсули қалами сунъи Кирдугор аст.
Дар идомаи мизи мудаввар донишҷӯён аз ашъори Искандари Хатлонӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.