, Душанбе, 30-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

 12.10.2024 159

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

Санаи 12.10.2024 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва нақши он дар омодагии муассисаҳои таълимӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва омӯзиши таълимгирандагон оид ба мудофиаи гражданӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, ки ҳамасола 13 октябр ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Навруз Носирӣ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, муаллими калон Абдуллоҷони Ҳамрохон, афсари калони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, подполковник Амиршоев Иброҳим, афсари калони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, капитан Шоҳиён Бахтиёр ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Абдуллоҷони Ҳамрохон суханронӣ карда, қайд намуданд: “Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ ҳамасола 13 октябр таҷлил карда мешавад. Он бори аввал бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд ва ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии офатҳои табиӣ эътироф шудааст. Аз соли 1999 инҷониб Ассамблеяи Генералии Созмони Милал тасмим гирифтааст, ки ин санаро ҷашн гирад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз кумак ба мардум дар пешгирии офатҳои табиӣ, омодагӣ ба онҳо ва кумак ба осебдидагон мебошад. Ҷанбаи дигари Рӯзи коҳиши офатҳои табиӣ рафтан ба минтақаҳои ба офатҳои табиӣ алоқаманд ва ба мардум тарзи рафтор ва рафтор ҳангоми рух задани офатҳои табиӣ мебошад”.

Сипас, Сафаров Ширинҷон, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “ Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо: таърих, мақсад ва ҷашнгирӣ”, Раҳматуллоев Баҳром, ассистенти кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва нақши он дар омодагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ва омӯзиши хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ” ва Сардорова Ганҷина, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Инъикоси Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо дар васоити ахбори умум” маърӯза намуданд.

Дар фарҷом мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат