, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

 11.10.2024 145

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Санаи 11.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и назди кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.

Дар маҳфил сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедра, номзади илмҳои фалсафа Ғаюров Лоиқ, муаллими калони кафедра Раҷабов Аминҷон, ассистентони кафедра Ҳасанов Маҳмадсаид, Муродов Шаҳбоз, Қурбонова Шоира ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, баргузории чунин маҳфилҳоро яке аз омилҳои муҳим дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ намуд. Сипас, мудири кафедра Ғаюров Лоиқ суханронӣ намуда, доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуд.

Дар идома, Ҷумахонов О., донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисод ва идора дар мавзуи “Фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинии илмӣ” ва Шабнами Н., донишҷӯи курси дуюми факултети омхзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Ҷаҳонбинии фалсафӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.




Ба рӯйхат