,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 11-уми октябри соли 2024 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Чолова Саодат дар гурӯҳи 405-и ихтисоси биология-экология дар мавзуи “Паҳншавии витаминҳо” баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи химия ва мтодикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар, ассистентони кафедра Моҳираи Ҳикматулло, Ёрматов Рустам иштирок доштанд.
Чолова Саодат дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба “Паҳншавии витаминҳо” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Витаминҳо - моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои фаъолияти ҳаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад. Ниҳоят кам будани онҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад. Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Витаминҳо ба организм тавассути озуқае, ки аз растаниҳо ва ҳайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А, В, С, D ва ғайра ишора мекунанд”.
Дар идома донишҷӯён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ҳар як гурӯҳ дар бораи намудҳои витаминҳо ва хусусиятҳои онҳо маълумоти муфассал ироа намуданд.
Дар фарҷом дотсент Холиқов Сафар суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб арзбӣ карда, тавсия доданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шавад.