,
Ҷумъа, 08-ноябр
Санаи 11.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Порталҳои электронии илмӣ-таҳқиқотӣ” миёни магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дотсент Қурбонова Умеда, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, баргузории чунин семинарҳои омӯзишииро саривақтӣ ва муфид арзёбӣ намуданд.
Сипас, дотсент Қурбонова Умеда дар мавзуи “Порталҳои электронии илмӣ-таҳқиқотӣ” ва сармутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонзода Убайдулло дар мавзуи “Сохтори мақолаи илмӣ” баромад намуданд.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки ҷаҳони муосир бо тараққиёти босуръат дар ҳама самтҳои фаъолияти инсон дигаргуниҳоро талаб менамояд. Бо пайдоиш ва рушди технологияҳои муосир муҳаққиқон низ имкониятҳои беназирро дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ба даст овардаанд. Вобаста ба ин, дар рафти семинари омӯзишӣ якчанд порталҳои электроние, ки таҳияи мақолаҳои илмӣ, ҷустуҷӯи адабиёти зарурӣ ва истифодаи онҳоро дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ намоиш доданд.
Ҳамзамон, масъалаи таҳия ва ба танзим даровардани сохтори мақолаи илмӣ: сарлавҳа, тавсифи мухтасар (аннотатсия), калидвожа, муқаддима, қисми асосӣ (назарияҳо, методология ва методҳои таҳқиқот), натиҷаҳо ва адабиёт баррасӣ карда шуд.