, Сешанбе, 03-декабр

СЕ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БОКС

 10.10.2024 131

СЕ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БОКС

Санаи 8-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (писарон ва бонувон) барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа донишҷӯёни зерини факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:

Раҳмиддини Зиёвуддин -донишҷӯи курси сеюм сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.

Қурбонов Аслам – донишҷӯи курси дуюм сазовори ҷойи дуюм ва бо диплому медали нуқра сарфароз гардонида шуд.

Баротов Меҳроҷиддин – донишҷӯи курси сеюм сазовори ҷойи дуюм ва бо диплому медали нуқра сарфароз гардонида шуд.

Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат