,
Сешанбе, 28-январ
Санаи 10-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити ғайринақдикунонии пардохтҳо» баргузор гардид, ки дар он Рафиев Сафархон-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Шарофат Худойдодова-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, инчунин меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дигар ташкилоту идораҳо ва ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Кори конфронс бо намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ дар даромадгоҳи толори фарҳангии №2 оғоз гардид. Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, ҳузури онҳоро боиси хушҳолии ҳайати раёсат ва устодону кормандони донишгоҳ арзёбӣ намуд.
Дар идома, тибқи барномаи корӣ Мирсаидов Аврор - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Таъминоти иттилоотии идоракунии системаи амнияти иқтисодиёти КАС”, Тоҷидинов Меҳриддин - сармутахассиси шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Рақамикунонии пардохтҳо, моҳият ва бартариятҳои он”, Каримов Баҳодур - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Ташаккули низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ташкили кори муҳосибот дар субъектҳои иқтисодӣ”, Бобиев Исмоил - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Татбиқи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаммоҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити он”, Мирсаидов Муҳаммаднаим - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ” маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Иштирокчиён зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид доштанд, ки дар шароити муосир ва муносибатҳои зудрушдёбандаи иқтисоди бозорӣ, инчунин марҳила ба марҳила татбиқ гардидани иқтисодиёти рақамиву инкишофи тиҷорати электронӣ масъалаи мукаммалгардонии низоми пардохтии ғайринақдӣ ва тавсеаи истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бисёр муҳим мебошад. Зеро, дар вазъияти зудтағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон хавфҳои эҳтимолии иқтисодию молиявӣ зиёд гардида, ба устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Кори конфронс нимаи дуюми рӯз дар ду бахш: “Масоили мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” ва “Нақши пардохтҳои ғайринақдӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ” бо баррасии беш аз 55 мақолаҳоии илмии олимону донишмандон идома ёфт.